Студопедия

Главная страница Случайная страница

КАТЕГОРИИ:

АвтомобилиАстрономияБиологияГеографияДом и садДругие языкиДругоеИнформатикаИсторияКультураЛитератураЛогикаМатематикаМедицинаМеталлургияМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогикаПолитикаПравоПсихологияРелигияРиторикаСоциологияСпортСтроительствоТехнологияТуризмФизикаФилософияФинансыХимияЧерчениеЭкологияЭкономикаЭлектроника






уми майи соли 2006






Суханронии Аълохазрат Ого Хон

Хитобаи Аълохазрат Ого Хон ба Академияи Инчили Тутсинг

Дар зимни шарафеби ба Чоизаи «Тахаммул».

уми майи соли 2006

 

Бисм-ил-Лох-ир-Рахмон-ир-Рахим

Чаноби Вазир

Доктор Грейнер

Чаноби Ландесбешоф

Мехмонони оликадр

Хонумон ва Чанобон

 

Вазир Стейнмейер дар нукоти худ хеле баландхиммат буд ва ман барои ин аз у бисер самимона кадрдони менамоям. Ва ман мехостам ин фурсатро дар мукаддимаи ин мулохизахо истифода кунам, то ба у бигуям, ки чи гуна мардуме, ки дар гушаю канори чахон бо ман кор мекунанд, аз кумак ва хамкории мардум ва Хукумати Германия дар корхои чории мо миннатпазиранд. Шумо ба сохаи эхтиечот, сохаи фаъолиятхои аклони, ки мо нодир мехисобем, тахаййул овардед, назокат (нозуки) овардед ва ман барои ин ба шумо ташаккур мегуям.

 

Дар ин даврони суъитафохум (хамдигарнофахми) ва адами эътимод (нобовари ба хамдигар), ман аз ин биниши вокеъбинона ба умури (корхои) байнулмиллали, ки Чалолатмаъоб Вазири Умури Хоричи ба кори худ меорад, бо кафкуби (чапакзани) истикбол менамоям. Ман медонам, ки у ба муносиботи созанда дар байни Гарб ва чахони Ислом чун ба омили мухимтарин барои сулху суботи чахони менигарад ва ман барои сахми у ба ин хадаф (максад) миннатдорам.

 

Ман хамчунин аз даъвати мехрубононаи шумо ва чоизаи саховатмандонаатон амикан кадрдони менамоям. Ин ифтихор, ба хотири арзиши багоят баланд, ки ман ба хадафи ин чоиза ихтисос медихам (коил мешавам), яъне афзудани огохи ва эхтиром байни мардумон ва фархангхо аз тарики сухбат дар мавзуъхои сиёси, фарханги ва дини, барои ман макоми волои (яъне, баланд) хосе дорад. Ин хамин мавзуъхое мебошанд, ки ман мулохизоти худро барои баррасии онхо равона мекунам.

 

Дар ин кор, ман мехостам ба тачрибаи шахсии худ, чун касе, ки дар Гарб таълим ёфтааст, вале такрибан 50 солро бо кор аксаран дар чахони рубаинкишоф гузарондааст, такя менамоям. Даргирии (машгулияти) хоси ман дар ин замон бо кишвархои Осиёи Чануб ва Маркази, Африко ва Шарки Миена, чойхои тамаркузи чамоати Исмоили будааст.

 

Аз замоне, ки ман Имоми Мусулмонони Шиъаи Имомии Исмоили шудам, ман хамеша мутаваччех будам, ки чахони ман – ё метавонам бигуям, ки тамоми чахон? - байни умед ва дилсарди (дилшикастаги, рухафтодаги) мечархид. Дар аксари мавридхо, дилсардихоро метавон ба адами вучуди (набудани) фарханги тахамул марбут сохт.

 

Албатта, тачрибаи ман эътикоди диниро, ки ман дар он тарбия гардидаам, дар бар мегирад. Ман дар хонадони Мусулмон ба дуне омадам, чун Мусулмон таълим гирифтам ва солхои зиёдеро дар омузиши таърихи дин ва тамаддунхои он сипари намудам (гузарондам). Таахуди (ухдадории) ман ба асли тахаммул хамчунин аз ин таахуд (дини) нумуъ менамояд. Яке аз аносири марказии дини Ислом табиати номучаззои (азхамчудонашавандаи) Дин ва Дуне мебошад. Ин ду чунон амик бо хам даровехтаанд, ки чудоии онхо гайрикобили тасаввур аст. Онхо «Тарики (рохи) Зиндаги»-ро ташкил медиханд. Накш ва масъулияти Имом, аз ин лихоз, хам тафсири мазхаб ба чамоат ва хамчунин ичрои тамоми корхо дар доираи имконоти худ барои бехбуди бахшидан ба кайфият (сифат) ва амнияти зиндагии хамарузаи он мебошад.

 

Ман, вакте, ки намоядагони чахони гарби – хусусан васоили ахбори оммаи гарби мекушанд, то кори Шабакаи Инкишофи Ого Хони моро дар сохахое, чун таълим, хифзуссихат (нигахдории тандурусти), иктисод, ахбори омма (иттилоъот) ва эъмори (сохтмони) иншооти умрони (инфраструктураи) ичтимои тасвир менамоянд, марок зохир мекунам ва ба андозае маъюс мегардам.

 

Бо инъикоси тамоили (тенденцияи) таърихии муайяни Гарб дар чудо сохтани чавониби дуняви ва дини, онхо аксаран онро ё чун икдоми хайрия ё чун сохибкори тасвир менамоянд. Он чизе, ки дарк намегардад, ин аст, ки ин кор барои мо як бахши масъулияти муассисавии мост - ва он аз салохияти идораи Имом дар бехбуд бахшидан ба кайфияти зиндагии дунявии чамоатхои марбут сарчашма мегирад.

 

Идроки рухонии мо шабехи (мисли, чун) идроки Академияи шумо, албатта, дар таълими кадими реша дорад. Дар мавриди Ислом, ду сахраи (санги) рахнамо мавчуданд, ки ман муддати мадиде (дарозе) чун гавхар хифз намудам ва кушидам то татбик кунам. Яке шаходати иттиходи (вахдати, ягонагии) насли инсон аст, нофиз дар Куръони Шариф, чое, ки Худованд, аз тарики нузул ба Пайгамбари Бузург, Мухаммад (сали Аллоху алайхи ва саллам) дар он чунин мефармояд:

 

«Эй бани башар! Аз вачибаи (вазифаи) худ дар баробари Худои худ огох бошед. У, ки шуморо аз нафси вохид (яъне аз як чон) офарид, ва аз он чуфти онро падид овард ва аз ин ду (чуфт) касрати (теъдоди зиёди) мардон ва занонро дар дуне мунташир сохт. (4: 1)

 

Ин сураи чолиб хам аз гуногунрангии ирсии бани башар (инсоният) – «касрат» ва хам аз вахдати башар – «нафси вохид, офаридаи Офаридгори якто»--меъроси рухони, ки насли инсонро аз тамоми ашколи дигари хаёт мутафовит месозад, сухан мегуяд.

 

Бахши дуюм, ки ман мехостам имруз тазаккур дихам, аз Имоми аввали маврусии (яъне, шахси сохиби хакки вориси аз насл ба насл) чамоати Шиъа, Хазрати Али аст. Чунон, ки шумо медонед, Шиъа аз Сунни баъд аз рехлати (марги) Расули Акрам Мухаммад чудо шуд. Хазрати Али, писари аму (яъне, амак) ва домоди Пайгамбар ба эътикоди Шиъа аз чониби Пайгамбар чун Марчаи Шаръи (яъне, макоми конуни) дар тафсири дин номзад гардида буд. Барои Шиъа, имруз дар саросари чахон, у чун Имоми аввал шинохта шудааст.

 

Ман кавли (яъне гуфтори) Хазрати Алиро зикр менамоям, то шумо тавонед рухияеро, ки бо он ман дар ичрои салохияти ба ман вогузоргардида ба хайси (яъне, ба сифати) 49-умин Имоми маврусии (Исмоили) баъд аз рехлати чаддам (яъне, падарбузургам) кушидам, дарк намоед. Ман иктибос меорам:

 

«Хеч имоне чун фурутани ва сабр нест, хеч комебие чун хештандори нест, хеч шарафе чун илм нест, хеч куввате чун тахаммул (яъне, токат) нест, хеч имдоде муътамадтар (яъне, боэътимодтар) аз машварат нест».

 

Эхтироми Хазрати Али ба илм тавофуки (яъне, мувофикат) Дин ва Дунеро таквият мебахшад. Ва хурмати у ба машварат аз назари ман таахуде (яъне, масъулият) дар баробари равандхои процессхои мардумсолории (яъне, демократи) тахаммулпазир ва кушодадилона мебошад.

 

Ин идеалхои Исломи, албатта, аз чониби адёни (динхои) бузурги дигар низ мавриди таъкид карор гирифтаанд. Бо вучуди таърихи дарози кашмакаши дини як таърихи мухталифи тамаркузи дин бар тахаммул чун як фазилати маркази--дар хуш пазируфтани бегона ва дуст доштани хамсояи худ хамеша вучуд доштаст.

 

«Хамсояи ман кист» - яке аз кисаси (киссахои) марказии Насрони (яъне, Христиани) мепурсад. Исо ба накли кавл (яъне, хикоят кардан) аз киссаи Сомирии Нек – як хоричие, як намояндаи Гайр (яъне, бегона, ачнаби), ки бо самимият аз хутути (хатхои) инзивоъи (чудои) кавми (яъне, этники) ва фарханги дасти мадад дароз мекунад, то ба ачнабии дар канори рох афтода шафкат (рахмхури) зохир намояд, чавоб мегуяд.

 

Ман медонам, ки бо дарназардошти бунёди рухонии худ, шумо дар ин сухбат ягон чизи хорикулодда (гайриодди) нахохед ефт. Аммо барои ман багоят таачубовар аст, чи гуна бисере аз мутафаккирони муосир хануз хам ба муртабит сохтани (яъне, пайванд додани) тахаммул бо дунегарои (яъне, секуляризм) ва дин бо бетахаммули майл доранд. Ба чашми эшон ва метарсам, баъзан ба чашми ичтимоъ (яъне, чомеъа) – дин чун чузъи ин мушкил, на чун чузъи халлу фасли он дида мешавад.

 

Бо итминон, метавон гуфт, ки сабабхое, ки чаро чунин таассурот вучуд доранд, мавчуданд. Дар дарозои таърих (яъне, дар давоми таърих) мо бобхои мудхишеро, ки дар онхо мунокишаи дини окибатхои хавлнок ба бор овардааст, пайдо карда метавонем. Баъзан, як кисмати мушкил бештар гардид; он аз иваз намудани дин, ки дар он дин на ба он андоза, ки ташвик мешуд, тахмил (яъне, ба зур чори шудан), мегардид, сар мезад. Бори дигар, дар айеми мо, баъзе аз садохои ба истилох дини бо таассуб аз рохи инкор ё интикоди (яъне, танкид) адёни дигар як дини вохидро (яъне ягона) таргиб менамоянд.

 

Вакте, ки мардум дар ин айём дар мавриди «Тасодуми ногузири Тамаддунхо» дар чахони мо сухбат мекунанд, он чиро, ки эшон аглаб (яъне, голибан, аксаран) ифода мекунанд, метарсам, «Тасодуми ногузори Аден» (яъне динхо) мебошад. Аммо ман мехостам аз истилохоти тамоман мухталиф истифода намоям. Мушкили умда (асли) аз назари ман дар муносибати байни чахони Ислом ва Гарб «Тасодуми Чахолатхо» аст. Ва он чиро, ки ман чун кадами мухими аввал чун дармон (яъне, илоч, дору) тавсия мекардам, як кушиши мутамаркизи таълими аст.

 

Ба чои фаред кашидан ба сари хамдигар мо бояд ба якдигар гуш фаро дихем ва аз хамдигар биемузем. Дар ин кор, яке аз сабакхои аввалини моро дар он бобхои мухим, аммо аглаб (аксаран) дар гушаи беэътинои мондаи таърих, замоне, ки фархангхои Исломи ва Урупои ба шакли чамъи (яъне коллективона), муносибати мутакобили созанда ва созгорона доштанд, то ба тахаккуки (яъне, дар амал татбик кардан) баъзе аз дастовардхои олии тамаддун мусоидат намоянд, метавон мутамаркиз сохт.

 

(Ман фикр мекунам), мо бояд инчунин гуногунфикрии бенихоят зиед, ки дар адён ва фархангхои алохида ба шумули гуногунфикрии мавчуд дар мархилаи хозира дар олами Ислом аст, дарк намоем. Ва мо бояд эътироф кунем, дар холе, ки чунин гуногунакидаги (плюрализм) метавонад солим ва пургано бошад--он хамчунин метавонад харобновар ва маргбор бошад, хамон гуна, ки он барои чамоати Насрони дар Урупо (яъне Европа) нимхазорсоле кабл аз ин буд ва дар баъзе кисматхои дигари чахони Ислом дар огози ин хазорсолаи нав мебошад.

 

Бетахаммули метавонад аз ин тарик чун як навъи муносибати фарзан дини сар занад, аммо тахаммули комил низ метавонад як таахуди (яъне, масъулият) амики дини бошад.

 

Пояхои рухонии тахаммул аз назари ман иборатанд аз эхтиром ба вичдони фарди, ки чун Баракати Худованд манзур мегардад - хамчунин, кием ба фурутании дини дар баробари Зоти Илохи. Аз тарики эътирофи махдудиятхои инсонии худ, мо метавонем ба ин нукта даст ебем, то Гайрро чун чуяндаи хамгоми хакикат бибинем, ва бо у дар чустучуи муштараки худ заминаи муштарак пайдо кунем.

 

Аммо ичоза дихед, то ин нуктаро бори дигар таъкид намоям, ки тачрибаи рухони набояд тарики дури чустан аз дуне, балки бояд рохи даргирии (иштироки) фаъоли бештар бо он бошад.

 

Як идда роххое мавчуданд, ки тавассути он мо метавонем дар замони нобасомони дар эъчоди як фарханги тахаммул талош намоем. Баъзе аз онхо дар кори Шабакаи Инкишофи Ого Хони мо мунъакис гардидаанд. Як намунаи мисол Маркази Чахонии Гуногунфикри (яъне, плюрализм) аст, ки мо тайи вактхои ахир дар Оттава дар хамкори бо Хукумати Канада таъсис додем. Ин Марказ тачрибаи зиндагии акаллияти чамоати Исмоилиро чун як василаи мусоид дар чустучуи гуногунфикрии созандае--дар баробари намунаи тимсоли гуногунфикрии худи Канада манзур менамояд.

 

Мушкилот дар баробари расидан ба тахаммул, чи дар чахони мутаракки ва чи дар чахони рубаинкишоф мухталифанд. Асари (таъсири) инкилобии чахоншумули (глобализация) ба ин маъни аст, ки бисёре (аз мардум), ки хеч вакт пеш аз ин бо хам бархурд накардаанд, акнун ба шакли мудовим – аз тарики васоили ахбори иттилоот ва иртиботи мустаким (бархурди бевосита) бо хам махлут мегарданд. Мухочирати ахоли дар саросари чахон ба дарачаи оли расидааст; мардуме ки замоне дар канорахои дуне дур аз хам зиндаги ба сар мебурданд, акнун дар тарафхои мукобили куча зиндаги мекунанд.

 

Аммо чомеъахое, ки зохиран бештар гуногунакида гардидаанд, на хамеша дар рухия бештар гуногунакида мегарданд. Он чи, ки дар саросари чахон ба он зарурат аст--як чахорчуби нави ахлоки умумибашари – мабни бар як фархангии тахаммули босубот мебошад.

 

Ман як сухбатеро, ки чанд соле пеш бо Чим Волфенсон, Президенти Банки Чахонии он вакт дар мавриди тасаввури хушбахти дар чомеъахои мухталиф ва хусусан дар байни мардуми бисер факир доштам, ба ед меорам. Мо карор додем, ки мо бояд ба садои мардуми факир гуш фаро дихем ва Банки Чахони як тадкикоти мухимеро дар ин мавзуъ анчом дод. Яке аз хулосахои он ин буд, ки эхсоси «тарс» дар гирифтории ин чомеъахо омили маркази будааст. Чунин тарс метавонист ашколи (шаклхои бисер) дошта бошад: тарс аз золимон, тарс аз табиат, тарс аз бемори, тарс аз фасоди идори (коррупция), хушунат, камбизоати ва факру тангдасти. Ва чунин вахшат ногузир манбаи бетахаммули мегардад.

 

Як хисси инсони вучуд дорад, ки тавассути вахшат таквия мегардад ва хуввиятро ба ашколи манфи муайян мекунад. Бисер вакт саволи «мо кистем?»-ро ба воситаи муайян намудани «мо мухолифи кистем?» муайян мекунем. Ин эхсоси тачзиякунанда (аз хам чудокунанда) на факат дар байни мардум чудои меандозад, балки хамчунин чамоатхоро ба гуруххо тачзия менамояд - ва баъдан боз ин гуруххоро ба гуруххо чудо месозад. Ин хол ба чое мекашонад, ки баъзе онро поракунии чомеъа номидаанд--дар он чамоатхое, ки ба либоси кухна мемонанд (яъне, монанд мешаванд), чун бофти зичи он ба торхои алохида чудо мегардад.

 

Аммо тамоили инсон ба чудои бо акидаи амики ман бо хисси амики инсон барои ба хам пайвастани чудоихо хамрох аст. Ва аглаб мо хар кадар бо хуввиятхои худ итминон дошта бошем яъне, (ба худ бовари доштан), ба дигарон хамон кадар муассиртар кумак карда метавонем.

 

Агар хусумати мо аз тарс бо вучуд омадааст, пас саховатманди бо эътимод ба худ аз умед ба вучуд меояд. Яке аз сабакхои маркази, ки ман баъд аз ним асри кор дар чахони рубаинкишоф омухтаам, ин аст, ки иваз кардани вахшат бо умед эхтимол ягона ва пуриктидортарин чахишгохе (яъне трамплин) барои пешрафт (яъне, прогресс) бошад.

 

Хатто дар факиртарин ва сарбастатарин чамоатхо, мо дарефтем, ки дахсолахо, агар на садсолахои мунокишоти хушунатомезро метавон аз тарики фарохам сохтани сабабхо барои кори муштарак ба хотири ояндаи бехтаре, ба истилохи дигар, тавассути фарохам сохтани навиди умед пушти сар гузошт. Ва замоне, ки умед пойдор мегардад, пас дарачаи нави тахаммул мумкин мегардад, харчанд он шояд дар имтидоди (давоми) солхо, солхо ва солхо номаълум будааст.

 

Тахаммул, ки аз умед сар мезанад, бештар аз арзиши манфи--бештар аз тарики осони ба эътидол овардани ташаннучи мазхаби ё мусоидат ба суботи ичтимои – бештар аз эхсоси токат дар замони ихтилофи назари дигарон бо нуктаи назари мо мебошад. Ба чои ин, дар холи ба назар овардани он на чун тавофуки (яъне, компромисс) динии камахамият, балки чун амри мукаддаси мазхаби, тахаммул метавонад ба як неруи пуриктидор ва мусби, ки ба хамаи мо имкон медихад, то уфукхои (дидгохи) худро васеъ намоем ва зиндагии худро пургановат намоем, табдил ебад.

 

Аз шумо барои шарафи ин Чоиза ташаккур мекунам.

 


Поделиться с друзьями:

mylektsii.su - Мои Лекции - 2015-2024 год. (0.01 сек.)Все материалы представленные на сайте исключительно с целью ознакомления читателями и не преследуют коммерческих целей или нарушение авторских прав Пожаловаться на материал