Студопедия

Главная страница Случайная страница

КАТЕГОРИИ:

АвтомобилиАстрономияБиологияГеографияДом и садДругие языкиДругоеИнформатикаИсторияКультураЛитератураЛогикаМатематикаМедицинаМеталлургияМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогикаПолитикаПравоПсихологияРелигияРиторикаСоциологияСпортСтроительствоТехнологияТуризмФизикаФилософияФинансыХимияЧерчениеЭкологияЭкономикаЭлектроника






Мафњумњои асосї






НИЗОМНОМАИ

Намунавии низоми кредитии тањсилот дар муассисањои

Тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон

 

Оидањои умумї

1.Низомномаи намунавии мазкур маќсад, вазифа ва тартиби татбиќи низоми тањсилоти кредитиро дар муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.

2.Низоми кредитии тањсилот дар муассисањои тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон бо маќсади таъмини болоравии сифати таълим, сафарбар намудани донишљўён барои идомаи тањсил дар муассисањои тањсилоти олии касбии мамлакатњои хориљї, воридшавии Љумњурии Тољикистон ба фазои ягонаи тањсилоти љањонї ва татбиќи Баёнияи Болония амалї карда мешавад.

3.Низоми кредитии тањсилот дар муассисањои тањсилоти олии касбии ЉумњурииТољикистон дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї» ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии соњаи маорифи Љумњурии Тољикистон амалї мегардад.

Мафњумњои асосї

 

4.Мафњумњои асосие, ки дар Низомномаи мазкур истифода мешаванд:

Таќвими академї (Academic Calendar) - њуљљатест, ки дар он даврањои ташкил ва гузаронидани њафтањои ташкилї (муаррифї фанњои њатмї ва интихобї, баќайдгирии донишљўён), њафтањои таълими назариявї, ќабули имтињонњои фосилавї (рейтингњои 1 ва 2) дар њар як давраи академї (семестрњои тирамоњї ва бањорї), сессияњои имтињонї (зимистона ва тобистона), таљрибомўзињо, триместр ва таътил (зимистона ва тобистона) дар соли тањсил бо нишон додани рӯ зњои истироњат ва идњо дарљ меёбанд.

Давраи академї (Term) - давраи муайяни тањсил, ки аз тарафи муассисаи тањсилоти олии касбї муайян гардида, вобаста ба он маљмӯ и санадњои меъёрии њуќуќӣ тањия карда мешаванд. Миќдори њафтањои таълими назариявї дар як давраи академї (Term) вобаста аз таљрибаи љањонии ба даст овардани тањсилоти олии касбї ва бо назардошти хусусиятњои миллї дар муассисањои тањсилоти олии касбии љумњурї 16 њафтаро дарбар мегирад.

Фанњои њатмӣ - гурӯ њи фанњои таълимие, ки омӯ зиши онњо тибќи талаботи Стандарти давлатии тањсилоти олии касбї ва наќшањои таълимии самт (ихтисос)-њои дар муассисаи тањсилоти олии касбї амалкунанда њатмї мебошад.

Фанњои интихобӣ (элективї) - гурӯ њи фанњои таълимие, ки барои самт (ихтисос)-њои амалкунандаи муассисаи тањсилоти олии касбї дар асоси алтернативӣ ва дархости кордињанда пешнињод карда шуда, аз љониби донишљў вобаста ба хоњиши ў интихоб карда мешаванд.

Барномаи кории фан (Syllabus)- њуљљати асосии таълимию методие мебошад, ки дар он таснифоти фанни таълимї, маќсад, вазифањо ва мазмуни мухтасари он, мавзӯ ъ ва давомнокии машѓулиятњои дарсї, мавзуъњои кори мустаќилонаи донишљў бо роњбарии омўзгор, намунаи супоришњо барои кори мустаќилонаи донишљӯ ён, саволномањои тестї, рӯ з ва ваќти гузаронидани машварат, талаботи омӯ згор нисбат ба азхудкунии барномаи таълимии фан, меъёри бањогузорӣ, холњои њавасмандгардонї ва љаримавї барои иљрои тамоми шаклњои корњои таълимї, номгӯ и адабиёти њатмию иловагии истифодашаванда, љадвали гузаронидани машѓулиятњои дарсї, санљишњои љорї ва имтињонњои фосилавї, раќами телефон ва суроѓаи электронии омӯ згор дарљ меёбанд.

Кори мустаќилонаи донишљӯ - њамчун амали донишљӯ дар љодаи мустаќилона азхуд намудани барномаи таълимии фан аз рўи мавзуъњо ва супоришњои алоњида пешбинӣ шуда, аз љониби муассисаи тањсилоти олии касбї (кафедра) бо адабиёти таълимию методӣ ва дастурњо пурра таъмин гардонида мешавад. Корњои мустаќилонаи донишљў, ки дар шакли супоридани тестњо, реферат, эсе, муаррифї (презентатсия)-и маводи љамъоварда, дифои кор (лоиња)-њои курсї, њисобот оид ба таљрибаомўзї иљро мегардад, аз тарафи омӯ згор бањогузорӣ карда мешавад.

Кори мустаќилонаи донишљў дар шароити татбиќи низоми кредитии тањсилот дар ду шакл иљро карда мешавад:

-кори мустаќилонаи донишљў бо роњбарии омўзгор;

-кори мустаќилонаи донишљў.

Кори мустаќилонаи донишљў бо роњарии омўзгор - дар шакли корњои таълимии аудиторї муќаррар карда шуда, бо љалби омўзгорони фаннї тибќи љадвали гузаронидани машѓулиятњои дарсї, ки дар асоси пешнињоди маркази баќайдгирї ва машварат дар мувофиќа бо садорати факултет аз тарафи муовини ректор оид ба таълим тасдиќ карда шудааст, гузаронида мешавад.

Кори мустаќилонаи донишљў - њамчун фаъолияти берун аз аудитория мутаќилона азхуд намудани маводи иловагии таълимї (супоришњои хонагї оид ба мавзўъњои алоњида, навиштани реферат, омода намудани маводи муаррифишаванда), љамъоварии мавод барои таълифи кор (лоиња)-њои курсї, кори хатмкунии бакалавр (кори дипломии мутахассис), рисолаи илмии магистр муќаррар карда шудааст.

Низоми холдињї-рейтингї - низоми марњила ба марњила дар рафти машѓулиятњои дарсї, иљрои кори мустаќилона (кори мустаќилонаи донишљў бо роњбарии омўзгор ва кори мустаќилонаи донишљў), супоридани имтињонњои фосилавї) љамъ овардани холњо аз тарафи донишљӯ ён ва дар ин асос ба имтињони љамъбастӣ иљозат гирифтани онњо мебошад. Миќдори умумии холњо барои иљозат гирифтан ба имтињони љамъбастї бояд на камтар аз 25 хол муќаррар карда шавад. Дар асоси холњои бадастовардаи донишљўён ифодаи ададї ва њуруфии дараљаи азхудкунии барномањои фанњои таълимї, сатњи донишандӯ зї ва натиљаи фаъолияти таълимии онњо муайян карда мешавад.

Имтињони фосилавї (рейтинг) - шакли назоратест, ки бо маќсади муайян намудани дараљаи азхудкунии барномањои фанњои таълимї аз љониби донишљўён дар давоми њар як давраи академї (нимсолаи тирамоњї ва бањорї) ду маротиба гузаронида мешавад. Имтињони фосилавї бо донишљӯ ён аз рӯ и фанњое, ки дар наќшаи таълимии фардии онњо дарљ ёфтаанд, аз љониби омӯ згорони фаннї (тибќи љадвали тасдиќгардида) гузаронида мешавад.

Имтињони љамъбастї - њамчун шакли нињоии назорат аз рўи дараљаи азхудкунии барномањои таълимии фанњо аз љониби донишљўён муайян карда шуда, тибќи талаботи наќшањои таълимии самт (ихтисос)-њои амалкунандаи муассисаи тањсилоти олии касбї барои њар як давраи академї дар баробари ба охир расидани њафтањои таълими назариявї, дар асоси фармоиши ректор оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани сессияњои имтињонї (зимистона ва тобистона) ќабул карда мешавад. Имтињони љамъбастї бо истифода аз технологияи иттилоотї (компютер) ё ба таври анъанавї (шифоњї, ќабули корњои хаттї, эљодї) аз љониби комиссияе, ки њайати онро ректори муассисаи тањсилоти олии касбї таъин менамояд, гузаронида мешавад.

Апеллятсия - амалест, ки бо маќсади муайян намудан ва ислоњи бањогузории ѓайриобъективона ба дараљаи донишандӯ зии донишљӯ ён гузаронида мешавад.

Триместр - њамчун семестри иловагии таълими назариявї ва супоридани имтињонњо муайян карда шуда, дар як соли тањсил ду маротиба (дар даврањои таътили зимистона - моњњои январ-феврал ва тобистона - моњњои июн-июл)гузаронида мешавад. Ба он донишљӯ ёне, ки дар давраи асосии сессияњои имтињонї (зимистона ва тобистона) аз фанњои таълимӣ дорои ќарзњои академї гардидаанд, донишљўёне, ки барќарор мешаванд ва донишљўёне, ки дар асоси интиќолёбї аз як муассисаи тањсилоти олии касбї ба дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар аз рўи наќшаи таълимї фарќият месупоранд, роњ дода мешаванд. Машѓулиятњо дар триместр мувофиќи натиљањои давраи академї ва ќарорњои комиссияи барќарору интиќоли муассисаи тањсилоти олии касбї гузаронида мешаванд.

Таљрибаомўзї - њамчун љузъи муњими иљро намудани талаботи наќшаи таълимї аз рўи самт (ё ихтисос)-њои амалкунандаи муассисаи тањсилоти олии касбї муќаррар карда шуда, бевосита дар давоми соли тањсил, дар баробари ба анљом расидани давраи академї ташкил ва гузаронида мешавад. Барои дарёфти зинањои гуногуни тањсилот (бакалавриат (мутахассис), магистратура, докторантура (доктор PhD)) тибќи талаботи наќшањои таълимии самт (ихтисос)-њои дар муассисаи тањсилоти олии касбї амалкунанда ташкил ва гузаронидани таљрибаомӯ зињои таълимӣ, сањрої, истењсолӣ, пешаздипломї, омўзгорї (барои ихтисосњои равияи омўзгорї) пешбинї карда мешавад.

1 соати академї - њамчун воњиди хурдтарини ифодакунандаи сарфи мењнат ва ваќти донишљӯ ён, иљро намудани сарбории таълимии омўзгорон муайян карда шудааст. 1 соати академї дар низоми кредитии тањсилот ба 50 даќиќа баробар аст.

1 кредит - њамчун воњиди ифодакунандаи сарфи мењнат ва ваќти донишљӯ ён, иљро намудани сарбории таълимии омўзгорон муайян карда шудааст, ки дар чањорчӯ баи он донишљӯ ён ва омӯ згор њар њафта ва дар давоми як давраи академї (16 њафта) фарогири 50 даќиќа машѓулиятњои фаъол ва 100 даќиќа корњои мустаќилона (аз љумла, 50 даќиќа корњои мустаќилонаи донишљў бо роњбарии омўзгор) мегарданд.


Поделиться с друзьями:

mylektsii.su - Мои Лекции - 2015-2024 год. (0.007 сек.)Все материалы представленные на сайте исключительно с целью ознакомления читателями и не преследуют коммерческих целей или нарушение авторских прав Пожаловаться на материал