Студопедия

Главная страница Случайная страница

КАТЕГОРИИ:

АвтомобилиАстрономияБиологияГеографияДом и садДругие языкиДругоеИнформатикаИсторияКультураЛитератураЛогикаМатематикаМедицинаМеталлургияМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогикаПолитикаПравоПсихологияРелигияРиторикаСоциологияСпортСтроительствоТехнологияТуризмФизикаФилософияФинансыХимияЧерчениеЭкологияЭкономикаЭлектроника






Банаќшагирї ва ташкили раванди таълим






5.Раванди таълим дар низоми кредитии тањсилот тибќи барнома ва наќшањои таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон тасдиќкардашуда, сурат мегирад. Вазифањои асосии муассисаи тањсилоти олии касбї њангоми ташкили раванди таълим бо истифода аз технологияи кредитии таълим дар шакли ташаккули њаљми дониш вобаста ба зинањои тањсилот, ташкили шароит љињати то њадди нињої фардї гардонидани раванди таълим, тањкими маќом ва самаранокии кори мустаќилонаи донишљў муайян карда шудаанд.

6.Барои татбиќи низоми кредитии тањсилот дар муассисаи тањсилоти олии касбї оид ба њар як самт (ихтисос) шаклњои зерини наќшањои таълимї тањия ва истифода мешаванд:

-наќшаи таълимии намунавї - аз љониби Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон тасдиќ карда шуда, мазмун ва њаљми сарбории таълимии донишљўёнро муайян мекунад;

- наќшаи таълимии фардї - аз тарафи њар як донишљў бо маслињати мушовири академї (эдвайзер) тањия шуда, самт (траектория)-и тањсилоти ўро муайян мекунад;

-наќшаи таълимии корї - дар асоси наќшањои таълимии намунавї ва фардї тањия шуда, барои тартиб додани љадвали раванди таълим, њисоб кардани њаљми мењнатталабии донишљўён оид ба фанњои таълимї ва сарбории таълимии омўзгорон истифода мешавад.

7.Њаљми мењнатталабии фаъолияти таълимии донишљўён ва сарбории таълимии омўзгорон дар шароити истифодабарї аз технологияи кредитии таълим оид ба наќшањои таълимии њамаи зинањои тањсилот бо кредитњо (воњидњои санљишї) ифода карда мешавад.

8.Њаљми мењнатталабии фаъолияти таълимии донишљўён вобаста ба азхудкунии барномањои таълимии фанњо ба њисоби як кредит (як воњиди санљишї) барои зинањои алоњидаи тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї бо таносуби зайл муќаррар карда мешавад:

- барои барномаи «бакалавриат (мутахассис)» - на камтар аз 24 соати академї (8 соати дарси аудиторї, 8 соати корњои мустаќилонаи донишљў бо роњбарии омўзгор ва 8 соати корњои мустаќилонаи донишљў);

-барои барномаи «магистратура» - на камтар аз 32 соати академї (аз љумла 8 соати дарси аудиторї, 8 соати корњои мустаќилонаи магистр бо роњбарии омўзгор ва 16 соати корњои мустаќилонаи магистр);

-барои барномаи «докторантура (доктор PhD)» - на камтар аз 40 соати академї (аз љумла 8 соати дарси аудиторї, 8 соати корњои мустаќилонаи докторант бо роњбарии мушовири илмї (роњбари илмї) ва 24 соати корњои мустаќилонаи докторант).

9.Ташкили раванди таълим дар як соли тањсил дар асоси таќвими академї, ки аз тарафи ректор ва бо ќарори Шўрои олимони муассисаи тањсилоти олии касбї тасдиќ карда шудааст, ба роњ монда мешавад.

10.Соли тањсил дар муассисаи тањсилоти олии касбї аз даврањои академї (Term), таътил ва таљрибаомўзї иборат аст. Дар курси нињоии давраи тањсил дар муассисаи тањсилоти олии касбї донишљўён аз аттестатсияи нињоии давлатї гузаронида мешаванд. Давраи академї вобаста ба шакли он аз 16 њафтаи таълими назариявї иборат буда, барои триместр (семестри иловагї) то 10 њафта људо карда мешавад. Барои ќабули имтињонњои фосилавї (рейтингњои 1 ва 2) дар њар як давраи академї 2 њафта људо карда мешавад. Пас аз њар як давраи академї ба донишљўён таътил муќаррар карда мешавад, ки давомнокии он дар як соли тањсил бояд на камтар аз 7 њафтаро ташкил дињад.

11.Давомнокии триместр (семестри иловагї) дар давраи тањсил дар муассисаи тањсилоти олии касбї ба таври истисно дар њаљми то 6 њафта танњо барои як давраи академї (нимсолаи бањорї)-и соли нињоии тањсил дар назар дошта мешавад, ки он бо маќсади ќонеъ гардонидани талаботи донишљўён љињати гирифтани таълими назариявии иловагї, бартараф намудани ќарзњои академї, супоридани фарќиятњо аз рўи наќшањои таълимї, аз худ намудани миќдори умумии кредитњо (воњидњои санљишї) барои фанњои њатмї ва ба њисоб гирифтани дастовардњои донишљў дар муассисаи таълимї гузаронида мешавад.

12.Банаќшагирии сарбории таълимии омўзгор дар шароити истифодабарї аз технологияи кредитии таълим тавассути кредитњо (воњидњои санљишї) дар шакли сарбории таълимии фаъол (гузаронидани корњои таълимї дар асоси љадвали дарсии тасдиќшуда бевосита бо донишљўён дар аудитория) ва сарбории таълимии ѓайрифаъол (намудњои дигари корњои таълимї, ки берун аз аудитория иљро карда мешаванд) ба њисоб гирифта мешавад.

13.Давомнокии ваќти баъзе шаклњои корњои таълимї аз ќабили машѓулиятњои студиявї, озмоишї ва тарбияи љисмонї гуногун буда, як соати академї барои гузаронидани машѓулиятњои студиявї, озмоишї ва тарбияи љисмонї барои самт (ихтисос)-њои ѓайритахассусї - ба 75 даќиќа баробар мебошад.

14.Як соати академии њамаи навъњои таљрибаомўзї, корњои илмї- тадќиќотї, аттестатсияи нињоии давлатї ба 50 даќиќа баробар аст.

15.Барномањои зинаи тањсилоти бакалавриат (мутахассис) аз бахшњои зерин иборат мебошанд:

а) бахши фанњои гуманитарї;

б) бахши фанњои табиї-риёзї;

в) бахши фанњои умумикасбї;

г) бахши фанњои тахассусї;

16.Таносуби њаљми мењнатталабии фанњои њатмї ва интихобиро дар наќшаи таълимї аз рўи самт (ихтисос)-и амалкунанда Шўрои олимони муассисаи тањсилоти олии касбї дар мувофиќа бо Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон муайян мекунад. Њиссаи фанњои интихобї дар наќшањои таълимї бояд 25-35%-ро ташкил дињад.

17.Наќшаи таълимии фардии донишљў дар шакли аз тарафи муассисаи тањсилоти олии касбї муќаррарнамуда, дар асоси наќшаи таълимии намунавї барои њар як соли тањсил шахсан аз тарафи донишљў бо маслињати мушовири академї (эдвайзер) тартиб дода мешавад. Ин наќша аз тарафи садорати факултет тасдиќ шуда, нусхањои он дар садорати факултет, маркази баќайдгирї ва машварат, инчунин дар дасти донишљў нигоњ дошта мешавад. Дар мавриди тањияи наќшаи таълимии фардї муассисаи тањсилоти олии касбї ўњдадор аст, ки номгўи фанњо ва ному насаби омўзгорони фанниро (бо нишон додани вазифа, дараља ва унвони илмии онњо) барои интихоби донишљў пешнињод намояд.

18.Барои дарёфти дараљаи академии бакалавр (муњлати тањсил - 4 сол) аз худ намудани 240 кредит (љадвалњои 1 ва 2) њатмї мебошад. Муассисањои тањсилоти олии касбї дар мавриди ба таври илова ё дар њудуди њаљми умумии кредитњои муќаррагардида 16 кредитњои барои таљрибаомўзии таълимї ва истењсолї (12 кредит), иљрои рисолаи хамткунї ва аттестатсияи нињоии давлатї (4 кредит) пешбинишударо ба инобат гирад.

19.Барои бомуваффаќият дар муњлати муќарраршуда (на камтар аз 4 (ё 5) сол) хатм намудани зинаи тањсилоти «бакалавриат (ё мутахассис)» миќдори кредитњо (воњидњои санљишї) дар наќшаи таълимии фардї барои як соли тањсил бояд на камтар аз 60 кредитро ташкил дињад. Яъне донишљў дар њар як давраи академї ба њисоби миёна бояд на камтар аз 30 кредит (аз он љумла 100% фанњои њатмї)[1]-ро аз худ кунад (љадвалњои 1 ва 2).

20.Сарбории таълимии омўзгор барои як соли тањсил дар асоси наќшаи таълимии кории амиќгардидаи самт (ихтисос), ки бо назардошти натиљаи тањлил ва бањисобгирии наќшањои таълимии фардии донишљўён тањия шудааст, њисоб карда мешавад.

21.Сарбории таълимии омўзгор барои як соли тањсил бо ќарори Шўрои олимони муассисаи тањсилоти олии касбї дар њаљми як воњиди корї новобаста ба вазифа, дараља ва унвони илмї ба миќдори 34 кредит (544 соат) ба истиснои сарбории таълимии омўзгорони кафедраи тарбияи љисмонї муќаррар карда мешавад. Сарбории таълимии омўзгорони кафедраи тарбия љисмонї дар њаљми як воњиди корї барои як соли тањсил ба миќдори 51 кредит (816 соат) муќаррар карда мешавад.

Љадвали 1

Меъёри таќсимоти кредитњо

Миќдори умумии кредитњо барои ба анљом расонидани барномаи зинаи тањсилоти бакалавриат (муњлати тањсил 4 сол) – 240+16 кредит; аз он љумла:
                   
Омўзиши назариявї дар 4 сол - 240 кредит ба истиснои дарси варзиш, машѓулиятњои факултативї ва тайёрии њарбї.   Таљрибаомўзї ва иљрои кори хатмкунии бакалавр (бо гузаштан аз аттестатсияи нињоии давлатї) – 16 кредит, аз ин миќдор: барои таљрибаомўзии таълимї ва истењсолї – 12 кредит, иљрои рисолаи хатмкунї – 4 кредит.
                       

 

Љадвали 2

Меъёри таќсимоти кредитњо

 

Миќдори умумии кредитњо барои ба анљом расонидани барномаи зинаи тањсилоти бакалавраит (ё мутахассис) (муњлати тањсил 5 сол) – 300+16 кредит. Аз он љумла:
                   
Омўзиши назариявї дар 5 сол - 300 кредит ба истиснои дарси варзиш, машѓулиятњои факултативї ва тайёрии њарбї. . Таљрибаомўзї ва иљрои кори дипломї (бо гузаштан аз аттестатсияи нињоии давлатї) – 16 кредит, аз ин миќдор: барои таљрибаомўзии истењсолї – 12 кредит, иљрои кори дипломї – 4 кредит.
                       

 

22.Як воњиди корї 34 кредит (544 соат) пурра аз соатњои фаъол (лексия, амалї, семинарї, лабораторї, корњои мустаќилонаи донишљў бо роњбарии омўзгор) иборат набуда, балки соатњои ѓайрифаъол, соатњои барои ќабули имтињонњои фосилавӣ ва љамъбастї, гузаронидани мусоњибањо, роњбарии кор-лоиња)-њои курсї, таљрибаомўзињо, кор (лоиња)-и хатмкунии бакалавр (кор (лоиња)-и дипломии мутахассис) ва рисолаи илмии магистр иљрошавандаро низ дар бар мегирад.

23.Муайян намудани таносуби соатњои сарбории таълимии фаъол ва ѓайрифаъоли омўзгор барои як воњиди корї ва таносуби соатњои кори мустаќилонаи донишљў бо роњбарии омўзгор ва кори мустаќилонаи донишљў ба салоњияти муассисаи тањсилоти олии касбї гузошта мешавад.

24.Таќсимоти кори беруназаудиторї вобаста ба њаљми мењнатталабии фанњои алоњида ба ваколати ќисми таълим, садорати факултетњо ва кафедрањо вогузор карда мешавад.

25.Муассисаи тањсилоти олии касбї барои бо маводи таълимию методї пурра таъмин намудани раванди таълим љавобгў аст. Барои њар як самт (ихтисос)-и амалкунанда дар факултет бояд маводи таълимию методии зерин омода карда шаванд:

-барномањои таълимии намунавї аз тамоми фанњои омўхташаванда (мувофиќи наќшаи кории таълимї);

-барномаи кори фан (Syllabus);

-мавод барои машѓулиятњои аудиторї оид ба њар як фанни таълимї (матни лексияњо, наќшањои дарсњои семинарї, амалї ва озмоишї);

-маљмўи аёният ва маводи ёрирасон (маводи таќсимшаванда) барои гузаронидани машѓулиятњои аудиторї;

-мавод барои иљрои корњои мустаќилонаи донишљў бо роњбарии омўзгор (супоришњои вазифаи хонагї, маљмўи саволњо ва супоришњои тестї, намунаи рефератњо, эссењо, корњо (лоињањо)-и курсї) ва кори хатмкунии бакалавр (кори дипломии мутахассис), рисолаи илмии магистр, китобњои дарсї ва дастурњои таълимї дар намуди чопї ва электронї;

-мавод барои гузаронидани таљрибаомўзї (наќша ва барномањои таљрибаомўзии таълимї, омўзгорї ва истењсолї, шаклњои њуљљатњои њисоботї ва ѓайра).

26.Муассисаи тањсилоти олии касбї бояд тибќи талаботи ќонунњои амалкунандаи Љумњурии Тољикистон стандартњои давлатии тањсилоти олии касбї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќиро тавре ташкил намояд, ки онњо ба талаботи азхуд намудани барномањои таълимии тамоми фанњои наќшаи таълимии самт (ихтисос)-њо ва соњибкасб гардидани донишљў пурра љавобгў бошанд.

27.Раванди таълим дар шакли ташкил ва гузаронидани корњои зерин амалї карда мешавад:

а) машѓулиятњои аудиторї:

-лексияњо;

-машѓулиятњои амалї (семинарњо, коллоквиумњо ва бозињои касбї);

-корњои озмоишї (лабораторї);

-корњои мустаќилонаи донишљўён бо роњбарии омўзгор.

б) машѓулиятњои беруназаудиторї:

-машваратњо (мусоњибањои фардї);

-корњои мустаќилонаи донишљў (тањияи конспектњо, аз ёд намудани матнњо, омода намудани презентатсияњо (муаррифии мавзўи иљрошуда));

-конференсияњо, семинарњо, мизњои мудаввар ва ѓайра.

в) назорати сатњи донишазхудкунии донишљўён:

-корњои санљишї (эссе, реферат ва ѓайра);

-имтињонњои фосилавї;

-санљишњои тестии назоратї (хаттї ё компютерї);

-лоиња ва корњои курсї, инчунин дигар намуди корњои ба тахассус вобаста.

г) аттестатияи љорї:

-имтињони тестии љамъбастї аз фанњои алоњида;

-њисоботи таљрибаомўзињо.

д) аттестатсияњои нињоии давлатї:

-дифои кор (лоиња)-и хатмкунии бакалавр (кор (лоиња)-и дипломии мутахассис), рисолаи илмии магистр;

-аттестатсияи нињоии давлатї аз фанњои тахассусї.

28.Муассисаи тањсилоти олии касбї ўњдадор аст, ки њамаи довталабон ва донишљўёнро бо ќоидањои ташкили раванди таълим шинос намояд.

29.Маълумот оид ба ќоидањои ташкили раванди таълим дар тахтаи эълонњои комиссияи ќабул (дар шакли чопї) ва сомонаи муассисаи тањсилоти олии касбї (дар шакли электронї) љой дода мешавад.

30.Баќайдгирии донишљўён љињати номнависшавї ба омўзиши фанњои таълимї (њатмї, интихобї (элективї)), интихоби омўзгорони фаннї (барои фанњои њатмї) аз љониби маркази баќайдгирї ва машварат дар њамкорї бо кафедрањо барои соли тањсили оянда ташкил ва гузаронида мешавад.

31.Донишљўёни курси аввал то оѓози соли нави тањсил (25-30 август) аз садорати факултет эдвайзер) варианти барои курси якум омодашудаи наќшаи таълимии намунавиро гирифта, дар он (пас аз маслињати эдвайзер) то 10 сентябри соли тањсили љорї метавонад то 10% таѓйироту иловањо ворид намоянд. Пас аз гузаштани муњлати муќарраргардида ворид намудани таѓйироту иловањо дар наќшаи таълимии фардї дар давоми соли тањсил ќатъиян манъ аст.

32.Донишљўёни курсњои болої, баъди муаррифии фанњо, наќшаи таълимии фардии худро барои соли тањсили оянда (дар шакли муќарраршуда, дар њолати зарурї, пас аз маслињати эдвайзер) тартиб дода, имзо мегузоранд ва санаи онро гузошта, то 1 июн ба садорати факултет месупоранд. Онњо метавонанд то 10 сентябри соли нави тањсил ба наќшаи таълимии фардии худ аз миќдори умумии кредитњо (воњидњои санљишї) дар њаљми то 10% таѓйирот ворид намоянд. Дар ин маврид донишљў ба садорати факултет бо дархости хаттї (дар шакли муќарраршуда) мурољиат мекунад.

33.Маркази баќайдгирї ва машварат дар якљоягї бо садорати факултет дар асоси ќарори Шўрои илмию методии муассисаи тањсилоти олии касбї шумораи зарурии њадди аќали донишљўёнро барои ташкил кардани гурўњ аз фанни таълимї (њатмї ё интихобї) ва шумораи њадди аксари донишљўёнро барои ташкил намудани гуруњњои академии якљоя (потокњо) муќаррар менамояд.

34.Дар њолати то 1 июн барои омўзиши ин ё он фанни интихобї номнавис шудани теъдоди аз њадди аќали муќарраршуда камтари донишљўён, ин фан ба наќшаи таълимии корї ворид карда намешавад. Садорати факултет барои дар ин бора огоњ намудани донишљўён эълон медињад ва ба ќисми таълим ба таври хаттї ахбор пешнињод менамояд. Донишљўёне, ки барои омўзиши ин фан номнавис шудаанд, бояд то 25 август ба садорати факултет оид ба ворид намудани таѓйирот дар наќшаи таълимии фардї бо дархост мурољиат намоянд.

35.Дар мавриди ба машѓулияти дарсии ин ё он омўзгор номнавис шудани теъдоди аз њадди аксари муќарраршуда зиёди донишљўён, садорати факултет барои омўзиши ин фан гурўњи дуюмро таъсис медињад ва ба он омўзгори собиќадорро таъин мекунад. Дар ин њолат донишљўён ба гурўњњо мувофиќи сана ва навбати номнависшавї таќсим карда мешаванд.

36.Њангоми аз курс ба курс гузаронидани донишљў ва аз љониби ў ба садорати факултет дар муњлати муќарраршуда пешнињод нагардидани наќшаи таълимии фардї, садорати факултет њуќуќ дорад, ки барои муайян намудани самт (траектория)-и тањсилоти ў наќшаи таълимии намунавиро њамчун асос истифода барад.

37.Дар натиљаи тањлили наќшањои таълимии фардї садорати факултет наќшањои таълимии кориро аз рўи самт (ихтисос)-њои амалкунанда тањия намуда, то оѓози соли нави тањсил (то 30 август) љадвали дарсї тартиб медињад.

38.Муассисаи тањсилоти олии касбї раванди таълимро бо тамоми шароит ва воситањои зарурї (бино, аудитория, таљњизоти таълимї, маводи харљшаванда, объектњои таљрибаомўзї) бояд таъмин намояд.

39.Дигар намудњои фаъолияти муассисаи тањсилоти олии касбї, ки ба ташкили раванди таълим вобаста нестанд (ќабули донишљўён, ёрии тиббї ва ѓайра) дар асоси санадњои меъёрии њуќуќии соњаи маориф амалї мегарданд.

 


Поделиться с друзьями:

mylektsii.su - Мои Лекции - 2015-2024 год. (0.02 сек.)Все материалы представленные на сайте исключительно с целью ознакомления читателями и не преследуют коммерческих целей или нарушение авторских прав Пожаловаться на материал