Студопедия

Главная страница Случайная страница

КАТЕГОРИИ:

АвтомобилиАстрономияБиологияГеографияДом и садДругие языкиДругоеИнформатикаИсторияКультураЛитератураЛогикаМатематикаМедицинаМеталлургияМеханикаОбразованиеОхрана трудаПедагогикаПолитикаПравоПсихологияРелигияРиторикаСоциологияСпортСтроительствоТехнологияТуризмФизикаФилософияФинансыХимияЧерчениеЭкологияЭкономикаЭлектроника






Тартиб ва ташкили раванди сессияи имтињонї






74.Сессияи имтињонї (сессияњои имтињонии зимистона ва тобистона) дар як соли тањсил ду маротиба дар баробари ба анљом расидани њафтањои таълимї назариявии њар як давраи академї (нимсолањои тирамоњї ва бањорї) бо маќсади ќабули имтињонњои љамъбастї оид ба фанњои таълимї ташкил ва гузаронида мешавад. Муњлати гузаронидан ва миќдори њафтањои сессияи имтињонї тибќи наќшаи таълимии самт (ихтисос)-њои амалкунандаи муассисаи тањсилоти олии касбї муќаррар карда мешавад.

75.Имтињонњои љамъбастї вобаста ба талаботи барномаи таълимии фан ва хусусиятњои касбии самт (ихтисос)-и муассисаи тањсилоти олии касбї дар шакли шифоњї, хаттї, тестї ва омехта (бо истифода аз воситањои технологияи иттилоотї ё дар шакли анъанавї) гузаронида мешаванд. Асоснок гардонидани шакли шифоњї ва хаттии ќабули имтињонњо вобаста ба талаботи барномаи таълимии фан муайян карда шуда, бо ќарори Шўрои методии факултет ва Шўрои илмию методии муассисаи тањсилоти олии касбї тасдиќ карда мешавад.

76.Маводи таълимї (саволномањо, супоришњои тестї бо љавобњои дуруст) барои ќабули имтињонњои љамъбастї оид ба њар як фанни таъимї аз љониби омўзгорон тањия шуда, 20 рўз ќабл аз оѓози сессияи имтињонї (дар шакли чопї ва электронї) аз љониби мудири кафедра ба маркази тестии муассисаи тањсилоти олии касбї супорида мешаванд.

77.Тестњо барои ќабули имтињонњои љамъбастї аз тамоми фанњои таълимї метавонанд дар намудњои зерин тањия карда шаванд:

-тестњои пўшида - тестњое, ки аз якчанд љавобњои пешнињодшуда иборат буда, донишљў бояд танњо як љавоби дурустро интихоб намояд;

-тестњои кушода - тестњое, ки дар онњо љавобњои алтернативї оварда нашудаанд ва ба онњо худи донишљў љавоб мегардонад. Барои љавоби дуруст ба ин гуна тестњо холи нисбатан баландтар гузошта мешавад.

-тестњои мувофиќат - тестњое, ки аз ду гурӯ њи элементњо ва мураттабсозии мувофиќати байни онњо иборат мебошанд. Дар чунин тестњо мувофиќат аз рӯ и принсипи 1: 1, яъне мувофиќ омадани як элементи гурӯ њи якум ба як элементи гурӯ њи дуюм, муайян карда мешавад.

78.Барои таъмини шаффофияти муайян намудани натиљаи имтињони љамъбастї, шакли супоришњои тестї бояд омехта (истифодаи якчанд намуди тест дар як саволнома) бошанд. Њаљми супоришњои тестии барои ќабули имтињонњои љамъбастї аз тарафи омўзгорони фанњои таълимї пешнињодшаванда вобаста ба њаљми кредитњое, ки тибќи наќшаи таълимии самт (ихтисос)-и амалкунандаи муассисаи тањсилоти олии касбї барои омўзиши онњо муќаррар карда шудааст, бояд на камтар аз 50 савол барои 1 кредитро дар бар гирад.

79.Ќабули имтињонњои љамъбастї аз љониби комиссияе, ки њайати он бо фармоиши ректор тасдиќ карда шудааст, ба роњ монда мешавад. Ба њайати комиссия омўзгори кафедраи мувофиќ, ки ба донишљўёни ин гурўњ оид ба фанни мазкур дарс надодааст, омўзгорони кафедрањои дигари аз љињати мазмун наздик, намояндагони ќисми таълим ва садорати факултет шомил мешаванд. Омўзгори фанни таълимї метавонад дар рафти ќабули имтињон ва тафтиши љавобњои донишљўён иштирок намояд.

80.Иштироки омўзгори фанни таълимї дар рафти ќабули имтињонњои љамъбастї барои иљрои корњои зерин њатмї мебошад:

- назорати рафти ќабули имтињон ва натиљагирии он;

- сариваќт ба ќайд гирифтани натиљаи имтињон дар вараќањои ва дафтарчањои имтињонї.

81.Аъзои комиссияи имтињонї вараќањои љавобњои донишљўёнро бо калиди љавобњои дуруст муќоиса намуда, натиљаи имтињони љамъбастиро муайян менамоянд, ё ин ки онњоро аз сканер гузаронида, баъд аз коркарди онњо дар барномаи компютерї натиљаи љамбастиро ба даст меоранд. Дар њар ду маврид аъзои комиссия натиљањои имтињони љамъбастиро оид ба фанни таълимї ба донишљўён эълон намуда, вараќаи имтињониро пур мекунанд ва бо гузоштани имзо ба маркази баќайдгирї ва машварат месупоранд.

82.Дар мавриди аз тарафи аъзои комиссияи имтињонї ба ќайд гирифтани њолатњои вайрон намудани ќоидањои ќабули имтињонњои љамъбастї (рўйбардор намудани љавобњои дуруст) ба натиљаи тести донишљў 0 (нол) хол гузошта шуда, бањои ў ѓайриќаноатбахш њисобида мешавад.

83.Мутахассиси маркази баќайдгирї ва машварат (баќайдгиранда) холњои дар вараќаи имтињонї дарљёфтаро ба компютер ворид менамояд. Дар њолати муайян намудани натиљаи имтињон тавассути компютер дар асоси љой додани формула дар барномаи компютерї он баъд аз сканер намудани вараќањои љавобњои донишљўён ба таври автоматї коркард мешавад.

84.Ворид намудани таѓйирот ба холњои дар имтињонњои фосилавї (рейтингњои 1, 2) бадастовардаи донишљў дар давраи сессияи имтињонї ќатъиян манъ аст.

85.Оид ба натиљаи њар як сессияи имтињонї ба донишљў транскрипт (маълумотномаи академї) дода мешавад.


Поделиться с друзьями:

mylektsii.su - Мои Лекции - 2015-2024 год. (0.007 сек.)Все материалы представленные на сайте исключительно с целью ознакомления читателями и не преследуют коммерческих целей или нарушение авторских прав Пожаловаться на материал